- дароз
- [دراز]1. дорои тӯл ва ё баландии зиёд; тавил, муқоб. кӯтоҳ: куртаи дароз, мӯи дароз, риши дароз, остини дароз2. баланд: қад(д)и дароз3. қадбаланд, қоматбаланд, навча4. тӯлонӣ, давомнок, зиёд (оид ба вақт): умри дароз; умри дароз дидан солҳои зиёд зинда будан; умри дароз хостан ба касе дер зинда мондани касеро орзу кардан5. кашида, кашолёфта; маддор: садоноки дароз, дароз талаффуз кардани овоз, ҳиҷо ва ғ.6. маҷ. тамом, пурра: зимистони дароз, рӯзи дароз, соли дароз, шаби дароз; роҳи дароз роҳи дур; дуру дароз а) фосилааш зиёд: роҳи дуру дароз; б) давомнок, бардавом, тӯлонӣ, кашолёфта, дарозмуддат; муддати зиёд: бемории дуру дароз, дуру дароз сӯҳбат кардан, дуру дароз ба як нуқта нигоҳ карда мондан; дароз кардан а) зиёд кардан (мӯҳлатро), тамдид кардан; б) кашол додан, тӯл кашондан (гапро); в) гирифта додан, чизеро ба касе додан; дароз кашидан а) тӯл кашидан, кашол ёфтан; б) ёзида хобидан; дароз шудан а) ба сӯи чизе ёзидан: дароз шуда, китобро аз рӯи миз гирифтан; б) давом кардан, кашол ёфтани коре; в) тӯл кашидан (ба дарозӣ), кашида шудан; дасти ёрӣ дароз кардан ёрӣ додан, мадад расондан; нафаси дароз кашидан нафаси чуқур кашидан, сандуқи синаро пур карда нафас гирифтан; дарозро мону кӯтоҳро бур (зарб.) дар мавриди ба ҷои гунаҳгор бегуноҳро ҷазо додан, кори нуқсондорро як сӯ монда, бенуқсонро бад гуфтан ва ғ. гуфта мешавад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.